Дар як сатр
» » Сокинони ноҳияи Ш.Шоҳин ватанпарвару заҳматдӯстанд

Сокинони ноҳияи Ш.Шоҳин ватанпарвару заҳматдӯстанд

6-09-2018, 06:35

Истиқлолияти давлатӣ барои сокинони ноҳияи баландкӯҳи  Шамсиддин Шоҳин  азизу муқаддас аст. Зеро 27 сол муқаддам, яъне 26-уми феврали соли 1991 ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддин Шоҳин) бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сари  нав  эҳё шуда, 9 сент-ябри ҳамон сол Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба имзо расид. 27-солагии эҳёи ноҳияи баландкӯҳи   Шамсиддин Шоҳин ба 27-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ рост меояд, ки ин фоли  нек аст.

 

Баъд аз пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби истиқлолияти комил гардид. Миллати тоҷик, ки баъди ҳазор сол пас аз шикаст хӯрдани Давлати Сомониён соҳибистиқлол гардида, ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи ҷаҳон шинохта шуд.

Бо таъсири омилҳои дохиливу хориҷӣ  ватани мо ба коми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Мавҷудияти давлати тоҷикон дар харитаи  ҷаҳонӣ  зери хатар  монд.  Фарзандони сарсупурдаи  миллат  бо дарки  воқеии хатари нобудшавии  мамлакат барои наҷоти давлати тозаистиқлоламон  ба по хестанд. Пас аз кӯшишҳои пайгирона  ва маслиҳату машварати  неруҳои солимфикри ҷомеа имконият даст дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ  ҷаласаи Шӯрои Олӣ баргузор гардад. Ин ҷаласа, ки дар он паёми ваҳдат  ва ягонагии миллати тоҷик  ба таври  баланд садо дод, дар таърихи Тоҷикистони тозаистиқлол марҳилаи навро боз намуд. Тоҷикистон  соҳиби давлати қонунӣ гардид ва роҳбари хешро интихоб намуд. Бори аввал  дар таърихи Тоҷикистон  шахсе ба маснади давлат баромад, ки воқеан миллӣ ва аз миёни  халқи заҳматкаш  буда, аз орзуву ормон ва дарди миллат воқифии  комил дошт. Дар Тоҷикистони оғуштаи хун  ва мотамзадаи он айём   сарвари давлат будан  фақат ду маъно, яъне густохӣ ва ё аз худ гузаштанро дошт. Баъди гузаштани 26 соли ҷаласаи таърихӣ мо фаҳмидем, ки Эмомалӣ  Раҳмон  он вақт ҷонашро  ба гарави сулҳ монда будааст. Ӯ ҳамон рӯз аз минбари  Иҷлосия  ба ҳайси раиси тозаинтихоб гуфта буд: «Ё ман  дар Тоҷикистон сулҳро барқарор месозам, ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам». Ҳамин тавр, ташаббускори музокироти сулҳовар бо мухолифин Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон буд. Ин рӯйдоди муҳим ба дилу дидаи мардум умедҳои тоза бахшид ва боварии мардумро  ба ояндаи нек ва таҳкими низоми давлатдорӣ, пешрафту  инкишофи  тамоми соҳаҳои  ҷомеа  боз ҳам зиёд намуд. Яке аз дастовардҳои муҳимми замони истиқлол, ин барқарорсозии сулҳи комил ва баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад.

Дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолии кишвари азизамон ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба дастовардҳои хеле ҳам бузург  ноил гардид, ки таърих ин рӯйдоди муҳимро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад сохт. 13 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншоотҳои муҳимми хоҷагии халқ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф овард, ки ин барои мардуми сарбаланди ноҳия ифтихори бузург ва дастоварди беҳтарин аст. Аз ҷумла, Роҳбари давлат дар суханрониаш дар назди фаъолони ноҳия чунин гуфта буд: "Сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин воқеан ватанпарвару заҳматдӯст мебошанд ва бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ бо дарки масъулияти баланд дар тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, ба роҳи нек ҳидоят кардани онҳо, риояи талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва умуман, таъмини волоияти қонун, иҷрои амалҳои неки созандаву бунёдгарона ба манфиати ватан ва давлати соҳибистиқлоли худ саҳми муносиб мегузоранд. Зеро танҳо заҳмати аҳлонаву софдилонаи ҳар яки мо метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон мушарраф гардонад”.

Аз  қадамҳои файзбори Сарвари давлат ноҳия рӯ ба ободӣ овард. Махсусан, ин сафар ва дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат ба корҳои ободониву созандагӣ такони тоза бахшид. Бунёди роҳи автомобилгарди қитъаи Шӯрообод-Шоҳон, бинои аввалин муассисаи таълимии замонавӣ дар маркази ноҳия  муҷаҳҳаз бо кабинетҳои фаннӣ, қасри фарҳанг, бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бунёди бунгоҳҳои саломативу касалхона,  таъмини деҳаҳои бебарқ  бо  хатти барқ, кандани чоҳҳои амудӣ дар маркази ноҳия, бунёду азнавсозии боғи фарҳангӣ, меҳмонхонаи замонавӣ дар маркази  ноҳия,  дар маркази ҷамоатҳои деҳот ташкил намудани курсҳои омӯзишиву дастрас намудани дастгоҳҳои адрасу атласбофӣ, ки ин ҳама меваҳои шаҳдбори Истиқлолияти давлатӣ мебошанд.

Дар ин  замина, тибқи нақша-чорабиниҳои батасвибрасида, як қатор бинову иншоотҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳия, аз ҷумла 77 адад биноҳои маъмуриву хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешаванд. 

 Дар охир, аз ҳар як фарди соҳибватану соҳибдил даъват ба амал меорам, ки аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мазҳабии худ камари ҳиммат банданд ва дар муқовимат бо афкори экстремистӣ-террористӣ  муташаккилона мубориза баранд, зеро бетарафӣ ва бешарафӣ дар ин лаҳзаҳои тақдирсози таърихӣ аз тарафи фарзандону  наберагони  мо ҳеҷ гоҳ  бахшида  нахоҳад шуд.

 

Зарифзода ПОЧОХОН,

раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷайҳун. Саҳми мардум дар корҳои бунёдкориву созандагӣ зиёд мегардад

Хабарҳо
Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Арсаи кишоварзӣ
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ