Дар як сатр
» » Мақоми зан дар замони истиқлол

Мақоми зан дар замони истиқлол

6-09-2018, 09:25

Ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  Конфронси илмӣ таҳти унвони "Занон ва истиқлолият” баргузор гардид.

Ҷамъомадро сардори Раёсати занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Раъно Раҳимзода ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки истиқлолият барои занону модарон шароити хуби кору фаъолият ва рӯзгори пурфайзу бобаракатро эҳё намуд. Дар замони соҳибистиқлолии ватан мақому мартабаи зан-модар дар ҷомеа боз ҳам таҳким ёфт, ки ин худ далели ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сипас, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода сухан-ронӣ карда, таъкид дошт, ки истиқлолият аз идҳои бузургтарин дар давраи давлатдории миллии мо ба шумор меравад. Имрӯз бидуни истиқлолият ҳастии ягон давлати дунёро эътироф набояд кард  ва ҳатто атрофи мавҷудияти он сухан карда наметавонем. Зеро, маҳз истиқлолият аст, ки давлатҳо ва миллатҳо ҳамчун як нишони асосии давлат мавҷудияти онро дар арсаи байналмилалӣ таъкид мекунад ва имконият медиҳад, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ он ҳамчун субъекти  мустақил шинохта шавад.

Тавре ки муовини раиси вилоят ироа дошт, ба даст овардани истиқлолият барои давлатҳо ин ормони чандинҳазорсола буда, таърих гувоҳ аст, давлату миллат,   барои ба даст овардани озодию истиқлолият  чӣ қадар кӯшишу ҷоннисорӣ ва талошҳо менамоянд. Худи ба даст овардани истиқлолият, ин як тараф, ва масъалаи нигоҳ доштану устувор гардонидан ва дар оянда рушд кардани он ҷониби дигари масъала мебошад. Зеро ҳамагон медонанд, ки  дар таърихи давлатдории хеш чӣ гуна ба истиқлолият ноил гаштем ва дар роҳи нигоҳдошти он чӣ гуна ба душвориҳо дучор омадем. Тавре ки Махфират Хидирзода ёдовар гардид, маҳз тавассути  сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳо ноил гаштем ва ин як сабақи таърихӣ барои ҳамагон аст. Санадҳои ҳуқуқие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расид, амсоли фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии онҳо”, "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатии оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ду марҳила қабул гардида, барои фаъолияти пурсамари занон заминаҳои воқеӣ гузошт.

Сипас, собиқадори меҳнат,  нахустин генералзани тоҷик Саодат Амиршоева  доир ба вазъи солҳои нооромии кишвар, ранҷу азиятҳои модарони тоҷик, ба ватан боз-гардонида шудани муҳоҷирони иҷборӣ ва ба манзили зисташон таъмин намудани онҳо ибрози андеша намуд. Тавре ки номбурда ёдовар гардид, бо қарори суд танҳо дар як ноҳияи Қубодиён беш аз 800 хонаи истиқоматӣ ба соҳибонашон баргардонида шуд. Саодат Амиршоева илова намуд, ки ин ҳама рӯзгори пурсаодат, ваҳдати миллӣ тавассути хизматҳои бесобиқаи Роҳбари давлат насиби ҳамагон гардидааст. Аз ин рӯ, мо-модарон бояд шукргузор аз соҳибистиқлолии давлат, сулҳу субот бошем.

Муовини раиси ноҳияи Ҷало-лиддини Балхӣ Анзурат Абдусаломзода низ оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар сухан ронда, таъкид дошт, ки истиқлолият рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдориву бақои он мебошад, пеш аз ҳама ба мардум, аз ҷумла ба занони соҳибиродаи мо озодии миллӣ дод. Мо соҳиби Артиши мустақил, Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ, асъори миллӣ гаштем ва аз ҳама муҳим давлати миллӣ бунёд намуда, дар арсаи байналмилалӣ ба расмият шинохта шудем. Маҳз истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба ташаккули давлати тозабунёди тоҷик асоси воқеӣ гузошта, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи боэътимод гузошт. Занону бонувон ҳамчун ниҳоди қудратманд аз рӯзҳои нахустини истиқлолият иродаи устувори Роҳбари давлатро хуб дарк намуда, дар шароити хеле ҳасоси сарнавиштсоз, дар тамоми ҷабҳаҳо мавқеи хешро нигоҳ доштанд. Имрӯз низ бонувон фаъ-олияти сиёсии хешро дар порлумони касбӣ ба роҳ монда, собит месозанд, ки онҳо бо дарки воқеот дониши сиёсӣ ва таҷрибаи нодир метавонанд санадҳои ҳуқуқиро эҷод ва таҳия сохта, ҳаёти имрӯзаи моро ба танзим дароранд.

Дилором Маҳкамова, дотсент, номзади илмҳои филологӣ аз ДДҚ ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи "Саҳми бонувони тоҷик дар рушди илм дар даврони истиқлолият” маърӯза намуда, ёдовар гашт, ки маҳз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла занон имконияти васеи таҳсил, омӯзиши касбу ҳунар, фаъолияти илмии тадқиқотиро муҳайё сохт. Зани тоҷик тавонист малакаҳои хешро дар соҳаи илму техника ва технологияи навин муаррифӣ намояд.

Ҳамин тавр, Сурайё Тағоева,  дотсент, номзади илмҳои химия аз Донишгоҳи давдатии Данғара дар мавзӯи "Занҳои ихтироъкор дар даврони истиқлолият”, Хосият Вализода шоира, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар мавзӯи "Таронаи истиқлол”, Меҳрафрӯз Холмуродова, докто-ранти ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи "Истиқлолият ва истиқрори сулҳи тоҷикон”, Қодириён Офоқ дар мавзӯи "Тараннуми истиқлол” сухан ронда, аз эҷодиёти рангини хеш шеърҳо қироат намуданд.

ВАХШОНА,
"Хатлон”
Аксбардор Зубайдуллои Қодир


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шукри истиқлол мекунем

Ҳуқуқу амният

Дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат саҳмгузор бошем

Ҳокимияти давлатӣ
Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

Ҳаёти иҷтимоӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Шарафу номуси ватандорӣ

Шарафу номуси ватандорӣ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР