Дар як сатр
» » Истиқлолият беҳтарин неъмати давлатсозиву давлатдории мустақил мебошад

Истиқлолият беҳтарин неъмати давлатсозиву давлатдории мустақил мебошад

7-09-2018, 06:16

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бахшида

ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Ҳамдиёрони азиз!

Барои кулли сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳаёти пурифтихори худ тамоми сокинони кишвар, аз ҷумла кулли мардуми Хатлонзамин, ифтихор аз он доранд, ки 27 сол қабл нахустин хиштҳои девори Истиқлолияти давлати воқеӣ ва давлатдории миллии хеш гузошта шудааст ва бо шарофати мустақилият ва сиёсати хирадмандонаю дурандешона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мо соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору андешаҳои созанда, азму иродаи фидокоронаи расидан ба ормонҳои миллиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид.

Истиқлолият дар як муддати кутоҳ ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Имрӯз мардуми шарафманди Хатлон дар қатори дигар сокинони кишвари биҳиштосои азизамон, ҷашни бузург ва таьрихии миллат 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳисси баланди ифтихор аз ватан ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуда истодаанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш қайд намуданд: «Сатҳи инкишофи имрӯзаи давлати мо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои боз ҳам беҳтар шудани рӯзгори мардум ҳамаи заминаҳои мусоиду мустаҳкамро гузоштем.

Вале зикри ин матлаб ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо бо чунин суръати рушд ва густариши амалҳои ободкориву созандагӣ қаноатманд бошем. Баръакс, имрӯз моро зарур аст, ки бештар аз дирӯз кору фаъолият кунем, аҳлона заҳмат кашем ва кӯшиш намоем, ки кишвари худро ба давлати пешрафта ва сарзамини аҷдодиамонро ба мулки обод табдил диҳем.

Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки забону фарҳанг, расму оин ва суннату анъанаҳои миллии худро гиромӣ дорем, аз онҳо ифтихор кунем ва маънавиёти насли ояндасозро бо арзишҳои миллати куҳанбунёдамон тавсеа бахшем ва ҳамзамон бо ин, зеҳну шуури онҳоро аз олудашавӣ ба унсурҳои бегона ҳифз намоем».

Аз ин рӯ, фаъолон, аҳли зиё ва ҳар як сокини кишвар, аз ҷумла мардуми вилоятро лозим аст, ки аз ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат хулосаҳои зарурӣ бароварда, баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, марзу буми кишвари биҳиштосо масъул бошем. Барои имрӯз ва дар оянда ба воя расонидани кадрҳои баландихтисосу соҳибкасб, донишманду забондон кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида, ҳувияти миллӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён тамоми шароит фароҳам оварда, барои рушду пешрафти тамоми соҳаҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоем.

Дар хотир бояд гирифт, ки дар пешорӯи ҳамаи мо-фарзандони ин сарзамин, истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст, ки омодагӣ ба он аллакай оғоз гаштааст.

Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки омодагии ҳамаҷониба дида, дар амалӣ намудани он бо ҳисси худогоҳӣ ва масъулияти баланд, саҳми сазовори хешро гузорем.

Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи вилоят ва фарзандони бонангу номуси он қадру қимати истиқлолиятро аз ҳарвақта бештар дарк намуда, барои татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, пешрафти босуботи Ватани азизамон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тақвияти суботу оромии ҷомеа минбаъд низ саъю талош намуда, бо заҳмати аҳлонаву дастаҷамъона дар ояндаи наздик давлати мустақилу озоди худро ба як кишвари ободу пешрафтаи олам табдил медиҳем.

Бигзор, роҳи кишвари соҳибистиқ-лоламон ба сӯйи ояндаи дурахшон, ба сӯи пешрафту тараққиёт ҳамеша ҳамвору нурбор ва пур аз фатҳу зафарҳо бошад!

Бигзор, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаланду сарфароз бошад!

27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба халқи шарафманди вилоят самимона табрик гуфта, сари баланду неруи тоза ва саодати рӯзгорро орзумандам.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шукри истиқлол мекунем

Ҳуқуқу амният
Сазовори боварии Сарвари давлат бошем

Сазовори боварии Сарвари давлат бошем

Ҳаёти иҷтимоӣ
Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давла ...

Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давла ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Озодии мо зи файзи истиқлол аст

Озодии мо зи файзи истиқлол аст

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Шарафу номуси ватандорӣ

Шарафу номуси ватандорӣ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР