Дар як сатр
» » Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик назаррас аст»

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик назаррас аст»

13-04-2016, 09:13

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик назаррас аст»


Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба муносибати Рӯзи илми тоҷик

Олимону устодони арҷманд, аҳли илму зиёи вилояти Хатлон!

Бо истифода аз ин имконияти муносиб Шумо ва сокинони вилоятро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик, ки ҳамасола таҷлили он ба якшанбеи сеюми моҳи апрел рост меояд, самимона табрику таҳният мегӯям.

Соли равон барои мардуми шарифу сарбаланди тоҷик ҳамчун соли таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли таърихиву хотирмон буда, хурду бузурги мамлакат, алалхусус аҳли илму зиё, олимон ва устодонро барои расидан ба фардои дурахшони диёр, рушду такомул ва ободиву сарсабзии кишвари воқеан ҳам биҳиштосоямон ҳидоят месозад.

Аз ин лиҳоз, баҳри расидан ба ин ҳадафҳои неку наҷибона, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари тозаистиқлоламон ба дастгирӣ ва саҳмгузории садоқатман-донаи нерӯҳои ақлонӣ ва зеҳнии кишвар ниёзманд аст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар баробари дигар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат дар соҳаи илми вилояти Хатлон низ тағйироту пешравиҳои назаррас ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар маҷмӯъ ба рушду нумӯи мамлакат мусоидат менамоянд.

Дар ин давра заминаҳои моддӣ- таълимӣ, кадрӣ ва техникии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбии дар вилоят фаъолиятдошта пайваста рушд карда, алҳол шумораи онҳо ба 48 адад, аз ҷумл 10 муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ, 6 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 18 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо имконияти фарогирии зиёда аз 56 ҳазор нафар донишҷӯёну касбомӯзон аз рӯи беш аз 150 касбу ихтисосҳои зарурӣ ва ба бозори меҳнат рақобатпазир расидааст.

Айни замон дар ин муассисаҳои илмӣ ва таълимии касбӣ беш аз 3 ҳазору 500 нафар олимону устодон, ходимони илм ва тадқиқотчиёни варзида фаъолияти пурсамари илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва омӯзгорӣ мебаранд, ки миёни онҳо зиёда аз 50 нафар академикҳо, профессорону докторон ва наздик ба 300 нафар дотсентону номзадҳои илм ғайратмандона, ба ҳайси роҳбар, корманд ва ходимони илмию омӯзгорӣ фаъолият доранд.

Дар вилоят ба мақсади тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва омӯзгории дараҷаи илмидор, алҳол дар назди донишгоҳҳои давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб шуъбаҳои аспирантура ва докторантура фаъолияти босамар дошта, ҷиҳати ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бештар ҷалб намудани ҷавонону донишҷӯёни аълохону эҷодкор дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дар вилоят фаъолиятдошта таҳсил дар бахши магистратура роҳандозӣ гардидааст.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли равон баёнгардида бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016, №79 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таъсис ёфтани Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” сокинони вилоятро рӯҳбаланд намуда, ҷиҳати дар ояндаи наздик бо мутахассисони зарурӣ пурра таъмин гардидани муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят заминаи боэътимод мегузорад.

Ҳамзамон, бо мақсади таҳким ва рушди нерӯи зеҳнии ҷомеа ҳамчун нишондиҳандаи муҳими рушди нерӯи инсонӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои илму маориф, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарғиби васеи илму маърифат ва ҷаҳонбинии дунявӣ, рушди тафаккури техникӣ ва дастовардҳои нави илмӣ дар вилоят бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 4 марти соли 2016, №56 “Соли рушди нерӯи зеҳнӣ” эълон гардидани соли 2016, бахусус барои аҳли илму зиё ва олимону устодони эҷодкору ихти-роъкори вилоят басо муҳиму саривақтӣ мебошад.

Баҳри дастгирию ҳавасмандсозии беҳтарин олимони эҷодкор, донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, мутахассисони ҷавон, донишҷӯёни аз шаҳру ноҳияҳои дахлдори вилоят тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 15 муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ таҳсилдошта, ҳамасола роҳандозӣ гардидани стипендияи раиси вилоят, инчунин бо дастури мушаххас дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб бо духтарону писарони тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳсилдошта баргузор гардидани мулоқоту вохӯриҳои судманд, натиҷаи дилхоҳ дода истодааст.

Мо хуб медонем, ки солҳои охир саҳм ва иштироки олимону устодони эҷодкор ва ихтироъкори вилоят дар симпозиумҳо, конференсияҳо ва семинарҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, иҷрои мавзӯъҳои фармоишии илмӣтаҳқиқотӣ, таълиф ва нашри рисолаҳои илмӣ, монография, китобҳои илмӣ, оммавӣ, дарсӣ ва методӣ, мақола ва фишурдаҳои илмию методӣ, болоравии сатҳи дониши донишҷӯён ва сифати тайёр кардани мутахассисони зарурӣ, рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Боварӣ дорам, ки минбаъд ҳам аҳли илму зиё ва олимону устодони эҷодкору навовари вилоят бо меҳнати софдилонаю арзишманд, дастовардҳои шоёни илмию таҳқиқотӣ, эҷодӣ, ихтироъкорӣ ва истеҳсолӣ дар таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои фархундаи миллӣ, давлатӣ ва касбии дарпешистодаи соли равон, саҳми босазо мегузоранд.

Рӯзи илми тоҷик муборак, ҳамдиёрони азиз!


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар  Хатлон

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
2016 – Соли рушди неруи зеҳнӣ дар Хатлон

2016 – Соли рушди неруи зеҳнӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Баррасии нақши занон дар рушди илм

Баррасии нақши занон дар рушди илм

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, АМОН МАҲКАМОВ
Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Баҳси ҷилавгирӣ аз ифротгароии салафӣ

Қӯрғонтеппа. Баҳси ҷилавгирӣ аз ифротгароии салафӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният