Дар як сатр
» » Дар Хатлон тайи се моҳ 6 маркази саломатии деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ сохта шуд

Дар Хатлон тайи се моҳ 6 маркази саломатии деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ сохта шуд

12-04-2016, 18:13

Дар Хатлон тайи се моҳ 6 маркази саломатии деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ сохта шудДар давоми 3 моҳи аввали соли ҷорӣ бо дастгирии соҳибкорону шахсони саховатманд ва мақомотҳои маҳаллӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 6 маркази саломатии деҳот ва 16 адад бунгоҳи саломатӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Ин нукта дар мушовараи навбатии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон зикр гардид. Дар мушовара фаъолияти Раёсати тандурустӣ ва зерсохторҳои он дар семоҳаи якуми соли 2016 ҷамъбаст шуд. С. Маллазода, сардори Раёсати тандурустии вилоят, гуфт, ки соли равон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳа 286 нафар табибон ва кормандони миёнаи тиб ба Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шуъбаи он дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

- Соли ҷорӣ аз тарафи комиссияи аттесстатсионии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 400 нафар табибон ва аз тарафи комиссияи аттестатсионии Раёсати тандурустӣ 160 нафар табибону кормандони миёнаи тиб аз аттестатсия гузаронида шуданд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
"Хатлон"



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қабули ҳуҷҷатҳо ба ДДТХ шурӯъ мешавад

Қабули ҳуҷҷатҳо ба ДДТХ шурӯъ мешавад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҷиликӯл. Ифтитоҳи маркази нави саломатӣ

Ҷиликӯл. Ифтитоҳи маркази нави саломатӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
271 осебдида аз сагҳои дайду

271 осебдида аз сагҳои дайду

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Носири Хусрав дорои 9 бунгоҳи нави тиббӣ шуд

Носири Хусрав дорои 9 бунгоҳи нави тиббӣ шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА