Дар як сатр
» » Силсилаи мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони вилояти Хатлон

Силсилаи мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони вилояти Хатлон

10-04-2016, 14:27

Роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони маориф, занон, ҷавонон ва ходимони дин мулоқоту суҳбати судманд анҷом доданд.

Силсилаи мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони вилояти Хатлон

Дар ҷараёни баргузории вохӯриҳо миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонони Хатлонзамин муовини якуми раиси Кумита Мавсума Муинӣ аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат, дастовардҳои дар зарфи биступанҷ соли Истиқлолият бадастовардаи миллати сарбаланди тоҷик ёдовар шуда, онҳоро ба илмомӯзиву касбандӯзӣ ва ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намуда, баҳри ҳамеша омода будан барои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ талқин намуд.

Баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию ватанпарастии насли наврасу ҷавон, пешгирӣ намудани онҳо аз ҳама гуна омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, расонидани нуктаҳои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварии суҳбату вохӯриҳо буд.

Ҷавонони сарбаланди Хатлонзамин зимни баромадҳояшон омодагии худро баҳри гулгулшукуфонии Тоҷикистони азиз иброз намуданд.

Зимни мулоқотҳо як қатор ғолибони озмуни ҷумхуриявии иншои беҳтарин дар мавзӯи "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат", ки аз ҷониби бахшхои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии дар маҳалбуда доир шуда истодааст, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва "Диплом" қадрдонӣ гардиданд.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Мулоқоти Абдуллозода бо ҷавонони Кӯлоб

Мулоқоти Абдуллозода бо ҷавонони Кӯлоб

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таблиғи арзишҳои миллӣ

Таблиғи арзишҳои миллӣ

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Мулоқот бо сарбозон ва ҷавонони фаъол

Мулоқот бо сарбозон ва ҷавонони фаъол

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният