Дар як сатр
» » Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа

Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа

10-04-2016, 13:38

Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа

Дирӯз, 9 апрел, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ва ҷараёни бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон шинос шуд.

Сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе- Қӯрғонтеппа аз тадбирҳои муҳими омодагӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гардида, дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад.

Қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе- Қӯрғонтеппа аз иншооти муҳими соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат буда, баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он дар самти раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ боз як қадами устувор гузошта мешавад.

Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш бо рафти корҳои нақбканӣ, омодасозии таҳкурсӣ ва васлу насби қисмати болоии роҳ шурӯъ аз истгоҳи Ваҳдат то ба истгоҳи роҳи оҳан дар ноҳияи Ёвон шинос гардида, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, ширкату иттиҳодияҳои роҳсозӣ ва дигар масъулини соҳаро барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, бунёди иншооти ҷавобгӯй ба талаботи ҷаҳони муосир ва дорои иқтидору тавоноии хизматрасонӣ барои давраҳои тӯлонӣ, риояи талаботи техникаи бехатарӣ, азхудкунии пурраи маблағҳои ҷудогардида баҳри ҳар як моҳи тақвимӣ ва, дар маҷмӯъ, таъмини иҷрои нақшаю барномаҳои тақвимии корӣ дар сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим вазифадор кард.

Хотиррасон бояд кард, ки сохтмони қитъаи мазкури роҳи оҳан бо иқдом ва ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2009-ум шурӯъ гардида, тибқи нақша дар давоми соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа дар масофаи беш аз 40,6 км бунёд мегардад ва корҳои сохтмонӣ дар иншоот дар марҳилаҳои анҷомёбӣ қарор доранд. Фоизи бештари корҳои иҷрошуда аз ҳисоби омодасозии таҳкурсии роҳ, васлу насби қабати болоӣ, бунёди нақбу пулҳо ва дигар иншооти ёрирасон таъмин гардидааст. Корҳои умумии нақбканӣ дар масофаи 3643 метр анҷом дода шуда, дар ҳарсе нақби асосӣ корҳои бетонпӯшнамоии қисмати болоии нақб ҷараён дорад. Дар мавзеи бунёди кӯпрукҳо низ корҳои асосии бунёди сутунҳо оғоз гардида, дар маҷмӯъ, лоиҳа аз 5 кӯпрук иборат мебошад ва дарозии умумии ин пулҳо 581,68 метрро ташкил медиҳад.

Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои сохтмонии Корхонаи истеҳсоли креолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат шинос шуд. Бунёди ин корхона бо мақсади эҳё ва рушди дубораи соҳаи саноати кимиё дар мамлакат ва татбиқи лоиҳаи гузаштан ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ амалӣ гардида, тибқи нақша он тобистони соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Иқтидори корхона ба истеҳсоли 12 ҳазор тонна криоллит, 18 ҳазор тонна алюминийи фтордор ва 22 ҳазор тонна кислотаи сулфат дар як сол баробар мебошад.

Ҳайати Ҳукумати мамлакат ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 1 млн. 200 ҳазор тонна шинос шуданд.

Умуман, талошҳои бунёди иншооти гуногуни роҳу нақлиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити созгори сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна, гузаштан ба истифодаи ашёи хоми маҳалӣ, кам кардани суръати воридоти молу маҳсулот аз хориҷ бо роҳи афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бобарори роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии иҷрои ин тадбирҳои созандагӣ беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъмини рушди бештари соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат мебошад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар Хатлон ба муносибати 25-умин солгарди И ...

Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар Хатлон ба муносибати 25-умин солгарди И ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Эроди Сарвазир аз ҷараёни сусти сохтмони роҳи оҳан

Эроди Сарвазир аз ҷараёни сусти сохтмони роҳи оҳан

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА