Дар як сатр
» » 154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

7-04-2016, 15:32


154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ Дар давоми 3 моҳи соли ҷорӣ варзишгарони вилояти Хатлон аз мусобиқаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ба вилоят 154 медал ворид намуданд.

Бино ба иттилои Шаҳзод Раҳимов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, варзишгарони вилоят дар се моҳи аввали соли 2016-ум дар 3 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, 11 медали тилло, 5 медали нуқра ва 4 медали биринҷиро сазовор гаштаанд.

Инчунин варзишгарони вилоят дар 14 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар ҳайати дастаҳои "Хатлон-1" ва "Хатлон-2" иштирок намуда, 35 медали тилло, 33 медали нуқра ва 66 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Гуфта мешавад, ки айни замон дар ҳудуди вилоят 29 мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон, як мактаби махсуси олии варзишӣ фаъолият намуда истодааст, ки дар онҳо 12 ҳазору 890 нафар варзишгарон ба машқу тамрин машғул буда, аз он 1 ҳазору 600 нафарашро бонувон ташкил медиҳад.

Раҳмоналӣ ДОДАРХУҶАЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Медали нуқраи Набимуҳаммад

Медали нуқраи Набимуҳаммад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
104 медали тилои варзишгарони Хатлон

104 медали тилои варзишгарони Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боз як медали Фавориз

Боз як медали Фавориз

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Панҷ. Оё «Саройкамар»-ро дар лигаи олӣ мебинем?

Панҷ. Оё «Саройкамар»-ро дар лигаи олӣ мебинем?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш