Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Рӯзномаи “Хатлон” боргоҳи маъниву андешаофарист


Рӯзномаи “Хатлон” боргоҳи маъниву андешаофарист



Фараҳбахш аст, ки имсол аз замони таъсиси аввалин нашрияи чопии Хатлонзамин – “Зарбдори сохтмони Вахш”, имрӯза рӯзномаи “Хатлон”, 90 сол сипарӣ гардид. Наздик ба як аср боз ин рӯзнома бо хизмати содиқона дар иттилоотонии мардум, маҳви бесаводӣ, ташаккули афкори омма, муаррифӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ, тақвияти пояҳои давлатдорӣ саҳми шоиста гузошта меояд.

Таърихи матбуоти даврии вилояти Хатлон, ки аз ин рӯзнома ибтидо мегирад, агарчи ба як садсола наздик аст, вобаста ба таҳаввулоти замон, барномаҳои давлатӣ, сиёсати ҳукумат, тағйирёбии афзалиятҳо, рушди технология, афзоиши инструментҳои нигориш ва касбияти хабарнигорон мавзӯю мундариҷа, ҳолат ва марҳилаҳои инкишофи он низ гуногун будааст. Бо гузашти солҳо, пешрафти арсаҳои кишоварзию саноат, обёрии водиҳо, мавзӯъ ва муҳтавои матолиби рӯзномаи “Хатлон” тағйир меёфт.

Доир ба таърихи ин нашрияи бонуфузи вилоятӣ, мазмуну мундариҷаи он ва эҷодкорони соҳибқалами он дар китобҳои “Чеҳраи “Хатлон” (Душанбе: Русская литература, 2013. – 562 саҳ.) ва “Боргоҳи маънӣ” (Бохтар: Ношир-С, 2021. – 232 саҳ.) маълумоти муфассал оварда шудааст.

Иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан аз ҳадафҳои аслии аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” мебошад. Ҳайати таҳририя тамоми неруи зеҳниву имконоти худро баҳри баланд бардоштани маърифат, шуурнокии мардум, тақвияти сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа, ваҳдату сарҷамъии халқи сарзамин ва рушду пешрафти Тоҷикистони азиз истифода мекунанд.

Мояи ифтихор аст, ки то имрӯз журналистону зиёиёни соҳибқаламе чун Насрулло Абдуллоев, Мирсаид Миршакар, Сафо Ашӯров, Машариф Орзуев, Қувваталӣ Холов, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳақназар Ғоиб, Муқим Абдураҳмонов, Шералӣ Яҳёев, Абдувалӣ Абдувоҳидов, Нуриннисо Муртазоева, Асалмо Сафарова масъулияти сардабирии ин нашрияи соҳибмактабро ба зимма доштанд.

Чеҳраҳои саршиноси публитсистика ва адабиёти тоҷик, ба мисли Соҳиб Табаров, Ашӯр Сафар, Саид Барот, Пиримқул Сатторӣ, Акбар Муслимов, Тӯра Қобилов, Бобоҷон Абдулвоҳидов, Шарифамоҳ Кишвардухт, Бахтиёр Муртазоев, Аскаралӣ Набиев, Абдулло Муродов, Мирзо Гадоев, Карим Давлат, Олимҷон Ёрасенов, Фотеҳ Ҳомидов, Ашӯр Иброҳимов, Аброри Зоҳир, Аслон Исломов, Ҳуриннисо Ализода, Гурез Қосимов, Саломиддин Мирзораҳматов, Шамсиддин Муҳаммадиев, Сайидалӣ Бобохонов, Алимуҳаммад Муродӣ, Нурмаҳмад Одинаев, Файзалӣ Чориев, Аъзам Мӯсоев, Раҷабалӣ Назаров, Аюбҷон Неъматов, Шоимназар Омонов, Сайид Раҳмон, Ғаффоралӣ Сафар, Муҳаббат Мирзораҳимова, Туҳфа Аҳмадова, Саидҷаъфар Баёзӣ, Мисралӣ Сониев, Ғулом Соҳибов, Усмон Билолӣ, Давлатҷон Султонов, Саидҷалол Фахриддинов, Мӯсо Абдуқаҳҳор, Мирзои Фирӯз, Неъматулло Худойбахшов, Боймурод Сайдалиев, Саттор Қарахонов, Ҳусния Ҳафизова, Ғайбулло Ҳалимов, Исматулло Ҳасанов, Наҷот Сафарзода, Мирзосафар Шамсиддинов ва даҳҳо нафари дигар дар ин рӯзнома фаъолият кардаву соҳибном шудаанд.

Исми ҳар як корманди эҷодиву техникие, ки тӯли ин солҳо кори нашрияро гардон карда ва масъулиятшиносона вазифаҳои худро иҷро намудаанд, барои мо гиромист. Мо ифтихор мекунем, ки идомабахши кору пайкори онҳоем.

Қобили қайди хос аст, ки имрӯз рӯзномаи “Хатлон”, сарфи назар аз рақобати ҷиддӣ дар майдони матбуоти тоҷик, фаъолияти садҳо сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, воситаҳои ахбори оммаи электронӣ, агентиҳои иттилоотӣ, хонандаи худро дорад. Бо дарназардошти шумораи обуначиён, хонандагону аъзои гурӯҳҳои рӯзнома дар сомонаи интернетӣ (www.khatlon-ruznoma.tj), шабакаҳои иҷтимоии “фейсбук”, “инстаграм”, “телеграм”, “одноклассники” ва “ютюб” маҳсулоти эҷодии рӯзноманигорони нашрияи “Хатлон” моҳона беш аз 100 ҳазор хонанда ва бинанда дорад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сар аз моҳи апрели соли 2021 рӯзномаи “Хатлон” ҳафтае ду маротиба бо теъдоди беш аз 10 ҳазор нусха чоп ва ба дасти хонандаи арҷманд мерасад.

Дар 90-умин соли нашр рӯзномаи “Хатлон” соҳиби Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев - “Нашрияи муваффақи маҳаллӣ” гардид. Сомонаи интернетии рӯзнома низ дар озмуни вилоятии “Неруи сухан” ғолиби номинатсияи “Беҳтарин сомонаи интернетии ВАО” дониста шуд.

Дар назди идораи рӯзнома маҳфили “Рӯзноманигорони ҷавон”, ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи “Хатлон” таъсис дода шуд. Ҷиҳати сайқали маҳорати эҷодии кормандон на танҳо давраҳои бозомӯзии касбӣ, балки мунтазам озмунҳои эҷодии дохилиидоравӣ доир карда мешаванд. Бо мақсади таҷлили сазовори 90-солагии нашрия имсол се маҷмӯаи нав - “Эъҷози Истиқлол”, “Кишвардухт” ва “Боргоҳи маънӣ” рӯйи чоп омад. Дар “Эъҷози Истиқлол” 30 мақолаи аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирдоварӣ шудаанд, ки ба мавзӯъҳои Истиқлол, Ватан, нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти  миллӣ бахшида шудаанд.

Дар китоби “Кишвардухт” мақолаву таронаҳои журналисти марҳум Шарифамоҳи Кишвардухт (агар дар қайди ҳаёт мебуд, имсол 70-солагиашро таҷлил мекардем), инчунин ёддошти дӯстону ҳамкоронаш ҷой дода шудаанд.

Маҷмӯаи “Боргоҳи маънӣ” низ ба ифтихори 90-умин солгарди якумин рӯзномаи даврии Хатлонзамин ба табъ расида, дар он мақолаҳои аҳли эҷоди нашрия, ки ба масъалаҳои мухталифи замон бахшида шудаанд, гирд оварда шудаанд. Зимни мутолиаи китоб хонанда ҳамчунин метавонад бо ҳолномаи муаллифон – рӯзноманигорони нашрияи “Хатлон” ошно гардад. Китоб на танҳо ба доираи рӯзноманигорон, донишҷӯён ва муҳаққиқони соҳа, балки барои оммаи васеи хонандагон низ метавонад ҷолиб бошад. 

Ба чоп расидани нашри махсуси Ҷашнномаи “Хатлон”, ки рамзан аз 90 саҳифа иборат аст, аз ҷумлаи иқдомҳои навбатии ҳайати таҳририя ба муносибати 90-умин солгарди таъсиси рӯзномаи “Хатлон” маҳсуб гардида, бо камоли эҳтиром ҳамчун армуғони ҷашнӣ манзури алоқамандону ҳаводорони нашрия мегардад. Нашри махсус, ки ҳоло рӯйи даст доред, на танҳо саҳифаҳои рангини таърихи ин рӯзномаро нишон медиҳад, балки таърихи як вилояти бузурги Тоҷикистонро дар матолибаш бозтоб додааст.

Мутмаинам, ки аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” минбаъд низ бо масъулияти тамом мактаби ташаккулёфтаи эҷодии нашрияро ҳифз намуда, ба таъриху суннатҳои ин боргоҳи маънӣ арҷ гузошта, рисолати касбиро самимона иҷро карда, бо сеҳри қалами худ дар рушди на танҳо матбуоти даврии тоҷик, балки тамоми Тоҷикистони маҳбубамон саҳми мондагор хоҳанд гузошт.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”,
номзади илмҳои филологӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода