Дар як сатр
» » Сафари Сарвазир ба Ҷайҳун

Сафари Сарвазир ба Ҷайҳун

7-04-2016, 12:04

Сафари Сарвазир ба Ҷайҳун

6 апрел Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Ҷайҳун сафари корӣ анҷом дод. Ӯро дар ин сафар раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода ва директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон ҳамроҳӣ карданд.

Ба иттилои Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Ҷайҳун, зимни боздиди худ Сарвазир ва ҳамроҳонаш бо фаъолияти ҶММ Иттиҳодияи аграрии «Водии заррин» шинос шуда, доир ба зарурати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия масъалагузорӣ карданд.

Гуфта шуд, ки масъулони «Водии заррин» имсол дар масоҳати ҳазор гектар замин шолӣ, дар ду ҳазор гектар пахта ва дар 500 гектар гандум кишт карданианд. Қ. Расулзода ва Д. Гулмаҳмадзода ҳамчунин аз кори корхонаи навтаъсиси коркарди шолӣ дидан кард.

Дар ҷараёни сафар Сарвазири мамлакат бо кори кишоварзон шинос шуда, ба масъулон дастур дод, ки барои ташкили коргоҳҳои хурду бузурги коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Н. МАЪМУРЗОДА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шиносоии Сарвазир бо умури роҳсозӣ

Шиносоии Сарвазир бо умури роҳсозӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қ. Расулзода аз мавзеъҳои хавфноки соҳили дарёи Панҷ дидан кард

Қ. Расулзода аз мавзеъҳои хавфноки соҳили дарёи Панҷ дидан кард

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сарвазир ба табрики пиронсолону маъюбон омад

Сарвазир ба табрики пиронсолону маъюбон омад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология