Дар як сатр
» » Аз озодӣ маҳрум шудани ду ҷавон

Аз озодӣ маҳрум шудани ду ҷавон

7-04-2016, 10:42

Бо ҳукми суди ноҳияи Вахш Мирзоалӣ Мустаев, сокини 28-солаи деҳаи Ҳосилободи ноҳияи Вахш, дар сӯйиқасди ҷиноят ва қасди ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо гунаҳкор дониста, ӯро 12 сол аз озодӣ маҳрум кард. Инчунин, суди ноҳияи Бохтар, Фарҳод Шамсови 35-сола, сокини Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Бохтарро бо ҳамин иттиҳом барои 14 сол равонаи маҳбаси низомаш пурзӯр намуд.
Аз озодӣ маҳрум шудани ду ҷавон

Мирзоалӣ Мустаев дар ҷараёни муҳокимаи судӣ гуфтааст, ки ӯро ҳамроҳи амакаш ҷавоне ба Сурия даъват намуда, ваъдаи додани пули зиёдро кардааст. Вале Мирзоалӣ дар марзи Сурия боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Фарҳод Шамсови 35-сола бошад, моҳи июни соли 2015 бо даъвати писари тағояш С. Шамсов, ки дар Сурия будааст, тариқи шабакаҳои иҷтимоии «ВотсАпп»ва «Зелло» наворҳои даъватиро тамошо карда, қасди сафар ба Сурияро кардааст. Ӯ 12 августи соли 2015 дар Туркия боздошт ва ба намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Туркия супурда шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Аз 10 то 25 сол аз озодӣ маҳрум шудани сокинони Норак

Аз 10 то 25 сол аз озодӣ маҳрум шудани сокинони Норак

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
29 соли маҳбас барои ба шавҳар додани духтари 11-сола

29 соли маҳбас барои ба шавҳар додани духтари 11-сола

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Шӯрообод. 8 афғон аз озодӣ маҳрум шуданд

Шӯрообод. 8 афғон аз озодӣ маҳрум шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Тандурустӣ ва экология
Нафси бад - балои ҷон!

Нафси бад - балои ҷон!

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Боздошти

Боздошти "Шерчангол" бо силоҳу ним кило афюн

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА