Дар як сатр
» » Маорифчиён қатли ваҳшиёнаи сайёҳонро маҳкум мекунанд

Маорифчиён қатли ваҳшиёнаи сайёҳонро маҳкум мекунанд

4-09-2018, 07:15

Тоҷикӣ, эй марди майдон

ифтихор аз он бикун,

Бо бузургӣ бошараф ин номро

эҳё  бикун.

То шавад андар ҷаҳон тоҷик

 қавми сарбаланд,

Ҷаҳд кун, мардонагӣ кун,

миллатат воло бикун.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва дигар суханрониҳояш чунин қайд намудаанд: " Ман доир ба оқибатҳои даҳшатбори экстремизм ва терроризм доим изҳори назар менамоям ва бори дигар таъкид месозам, ки ин хатарҳои муосир боиси харобии чандин кишвару ҳалокати ҳазорҳо нафар одамон шуда, миллионҳо нафари дигарро беватан, бе манзили зист ва ҷою макон кардаанд. Мубориза ба муқобили ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва Ҳукумат аст, балки барои пешгирии ин зуҳурот тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд фаъол бошанд”.

Воқеият чунин аст, ки ҳудуди нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Аз рӯйи ҳисоби ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ  террористон  аз  ҳисоби фурӯши маводи мухаддир даромад ба даст оварда, маблағгузорӣ мешаванд.

Амали тарҳрезигардида - куш-тори ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ дар шоҳроҳи Данғара-Душанбе дар таърихи 29.07.2018  аз тарафи  як гурӯҳ афроди ҷиноятпеша  ва  орӣ  аз фаросати инсонӣ ба вуқӯъ пайваст, кулли маорифчиёни  вилояти Хатлонро бетафовут нагузошт.

Имрӯзҳо  мо-омӯзгорон тавассути  расонаҳои хабарӣ огаҳӣ ёфтаву тариқи телевизион мебинем, ҳазорон нафар мардумон  аз нооромиву низоъҳо хонаву ҷойи зисти худро тарк намуда, ҷон дар каф  ба дигар давлатҳо гуреза мешаванд.  Чунин манзараҳои  мудҳишу дилхарошро мардуми кишвар ҳанӯз солҳои 1992-1997 аз сар гузаронида буд ва дидани он барои мо бисёр аламовар аст.

Бояд ёдовар шуд, ки роҳбарон ва масъулони онвақтаи давлат дар даврони эълони истиқлолияти давлатӣ аз имкониятҳои  мавҷуда дуруст истифода бурда натавонистанд. Масъалаи қудрати сиёсӣ мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, онҳоро ба майдонҳо баровард. Гурӯҳҳои муайян зери таъсири хоҷагони хориҷӣ ва манфиатҳои кишварҳои атроф  мардуми ташнаи озодӣ  ва давлатдориро ба муноқишаи дохилӣ ва баъдан ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор карданд.

Бояд зикр кард, ки  то 27 июни соли 1997, яъне то расидан ба ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ бахшида ба имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари кишвар ва Пешвои миллат чандин маротиба муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои  расмӣ ва мусоҳибаҳо кардааст ва дар ҳамаи онҳо бевосита аз  ризоияти миллӣ, дустӣ ва ваҳдат суҳбат карда,  муноқишаю ҷангро маҳкум ва кӯшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста дунболагирӣ намудааст. Имрӯз мо аз меваҳои шаҳдбори он баҳраварем ва дар фазои сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, тинҷию осудагӣ, умед ба ояндаи дурахшон умр ба сар мебарем.

Ба хотир овардани он рӯзҳои мудҳиш  барои мо аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва вазифаи пурмасъулият- таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, инчунин аз технологияи муосир ва ҷаҳонбинии васеъ  бархӯрдор  будани наврасону  ҷавонон  мебошад.

Дар соатҳои тарбиявӣ оид ба ҳадафҳои созандаи ваҳдатофари давлату Ҳукумати кишвар ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мавриди омӯзиш қарор дода шаванд, то насли наврас огоҳӣ пайдо намоянд, ки ваҳдати миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ ва вохӯрӣ бо омӯзгорону  хонандагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъкид ба амал оварданд, ки  омӯзгоронро лозим аст баҳри таълиму тарбияи насли навраси солиму босавод, ояндасозу ватанпарвар аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода бурда, масъулияти бештар ҳис намоянд ва дар ниҳоди шогирдон  ҳисси  ватандорӣ, инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми муқаддасоти ватанро тарбия намоянд. Зеро омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дошта, ҳамчун роҳнамо барои ба камол расонидани насли шоиставу бунёдкор масъул ва вазифадор аст.

Ҳамзамон сарварони муас-сисаҳои таълимӣ  вазифадор гардонида шуданд, ки  ҷиҳати таъмини сифати таҳсилот ва баланд гардидани сатҳи дониши тарбиягирандагон ва хонандагон, ҳарчи бештар фаро гирифтани омӯзгорони пуртаҷриба, соҳибихтисос ва масъулиятшинос, таъмини сару либоси мактабӣ тадбирҳои амалӣ андешанд. Инчунин робита ва ҳамкории оила, мактаб, сохторҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеаро  ҷиҳати эмин доштани насли наврас аз таъсири ғояҳои бегона ва гурӯҳҳои ифротгаро, вусъат бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ барои дарки ҳадафу ниятҳои воқеии неруҳои  ифротгарову  хурофотпараст тақвият бахшанд.

 

Хосият Миралиева,
сармутахассиси Раёсати
маорифи вилояти Хатлон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Арсаи кишоварзӣ

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Номаҳои Шумо
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ