Дар як сатр
» » Ос «Панҷ». 90 сол дар ҳифзи сарҳади давлатӣ

Ос «Панҷ». 90 сол дар ҳифзи сарҳади давлатӣ

29-08-2018, 08:13

Бахшида ба 90-солагии таъсисёбии Отряди сарҳадии «Панҷ» чорабинии бошукӯҳ бо иштироки Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, генерал-полковник, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зубайдулло Алихонов, полковник, муовини раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Руслан Мирзоев, генерал-майор, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти бехатарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Андрей Корчанов, полковник, муовини якуми гурӯҳи сарҳадбонони Хадамоти бехатарии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ, собиқадорони отряди сарҳадӣ ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Сараввал, меҳмонон бо нишони эҳтиром ба марзбонони шаҳидгаштаи сарҳади давлатӣ дар назди пайкараи онҳо гулчамбар гузоштанд. Сипас, дар фазои тантанавӣ парда аз рӯйи рамзи "90-солагии Отряди сарҳадии «Панҷ» бардоштанд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, генерал-полоквник, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон афсарону сарбозон ва собиқадоронро ба ин муносибат табрик намуда, изҳор дошт, ки ин аввалин отряди сарҳадие мебошад, ки 90 сол қабл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.  Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла сарҳадчиёни давлатӣ дар кишвар заиф гардида буданд, кишварҳои ба мо дӯсту бародар - Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ҳимояи марзи давлатӣ кумаки зиёд кардаанд, ки мо ҳеҷ гоҳ онро фаромӯш намекунем, - афзуд ӯ.

- Имрӯзҳо, сарҳадбонон қодиранд сарҳади давлатии ҷумҳуриро мустақилона муҳофизат намоянд, то мардум дар фазои осоишта зиндагӣ кунанд. Марзбонони мо, махсусан дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таҷрибаи зиёд доранд. Собиқадороне, ки дар ин отряд хизмат намудаанд, имрӯз ҳам дар паҳлуи мо истода, дар тарбияи сарҳадчиёни ҷавон саҳмгузоранд, - таъкид дошт Р. Раҳмоналӣ.

Зимни баромад фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: "Ба ҳамаи мо маълум аст, ки имрӯз вазъият дар кишвари ба мо ҳамсоя - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ноором аст. Новобаста аз ин, сарҳадчиёни мо вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро намуда, роҳ намедиҳанд, ки нафаре сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон таҳдид кунад”.

- Ман бо ифтихор мегӯям, ки хизмати ҳарбиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудаам, - гуфт Руслан Мирзоев, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти бехатарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва илова намуд, ки Отряди сарҳадии «Панҷ» бароям бегона нест. Зеро дар Отряди сарҳадии «Панҷ»  дар чанд амалиёт ширкат кардаву дӯстони зиёд дорам. Дар ин отряд дар баробари омӯзондани санъати ҷангӣ, ҳамчунин дӯст доштани ватан ва ҳимоя намудани онро меомӯхтанд.

Дар идома Р. Мирзоев гуфт, ки  барои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  дар  Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мо дар якҷоягӣ  мушкилоти зиёдро аз сар гузаронидем. Бо қаноатмандӣ гуфта метавонам, натиҷаи корҳои анҷомёфта буд, ки аввалин маротиба дар таърихи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои якҷояи «Ҷайҳун-2018» дар минтақаи пайвастшавии хатти се сарҳад гузаронида шуд. Мақсади он - пешгирӣ аз ҳамлаи мусаллаҳонаи душманон мебошад. Мо дар паҳлуи ҳам истода, ин амалиётро гузаронидем, то душманон донанд, ки назорат дар сарҳади давлатии ду кишвари бо ҳам дӯст пурзӯр аст ва ҳеҷ нохалафе наметавонад, марзи давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор кунад.

Ҳамчунин, аз ҷониби фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти бехатарии Ҷумҳурии Ӯз-бекистон туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид. Ба собиқадорон ва афсароне, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд, медалу нишони сарисинагӣ низ супорида шуд.

Дар фарҷом аз ҷониби ҳунар-мандони ансамбли «Марзбон»-и Қӯ-шунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ пеш-ниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Фаромӯз БОБОЕВ,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Ҳимояи сарҳад қарзи шаҳрвандии ҳар як фард аст

Ҳимояи сарҳад қарзи шаҳрвандии ҳар як фард аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният