Дар як сатр
» » Тири кӯтоҳандешон хок хӯрд

Тири кӯтоҳандешон хок хӯрд

1-09-2018, 09:07

Чуноне аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ дорем, рӯзи 29 июли соли равон дар шоҳроҳи Данғара-Душанбе ҳодисаи даҳшатбор-амали террористӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 4 нафар сайёҳи хориҷӣ ба ҳалокат расидааст. Ҳодисаи мазкур аз ҷониби ҷавонони мошинсаворӣ тундраву ифротгаро ба амал оварда шуда, дар он нишонаҳои ҳамла ба мақсади роҳзанӣ ва куштор низ мавҷуд аст. Ин кирдори нангини ҷавонони гумроҳ, ки меҳмонони  ба мақсади сайру сайёҳат ва тамошои ин кишвари биҳиштосо аз ақсои олам омадаро  зер карда, баъдан кушта фирор карда буданд, аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардад.

Ба ин мақсад дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъомади васеи аҳли ҷомеа, раисони маҳаллаҳо, директорони мактабу аҳли маориф, имом-хатибон доир гардид. Дар он Х. Неъматова, муовини раиси ноҳия, Т. Назарзода, сардори ШВКД дар ноҳия, Х. Қосимзода, прокурори ноҳия, М. Ҳалимов, раиси ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва баромад намуданд.

Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муфассал дар бораи ин воқеаи даҳшатбор ва оқибатҳои он, ҳамчунин, аз мавзӯҳои доғи рӯз, ба монанди шомилшавии ҷавонон ба сафи ифротиёну  гурӯҳҳои террористӣ - экстремистӣ,   нашъамандию нашъаҷалло-бӣ, кирдорҳои коррупсионӣ бо далелҳои саҳеҳ сухан гуфтанд.  

Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки гумонбаршудагони амали террористӣ, ҳарчанд аз ҷойи ҳодиса фирор карда буданд, аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ, бо ба роҳ мондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба зудӣ ошкор ва боздошт шуда, бар асари муқобилияти мусаллаҳонаашон ду нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз ба саркардагону аъзои созмонҳои террористӣ-экстремистӣ муяссар мегардад, ки ҷавонони гумроҳро ба сафҳои худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бардурӯғи ҷиҳод дар амалӣ сохтани актҳои террористӣ истифода баранд.

Айни замон дар ҳайати дастаҳои мусаллаҳонаи созмонҳои террористии ба ном "Давлати исломӣ”  як зумра ҷавонон аз маҳалҳои гуногуни ҷумҳурӣ шомиланд ва чандин нафари онҳо дар ҷангҳои бебунёд ҳалок гаштаанд.

Амали ноҷавонмардонаи як зумра ҷавонони аз тарбияи инсонӣ дурмонда  низ аз доираи кирдорҳои душманонаи онҳоеанд, ки ободию пешрафт, зиндагии шоис-таи мардуми кишвари моро намехоҳанд, ба дӯстии мо, ки бо мардуми ақсои олам пайдо кардаем, ҳасад мебаранд, нотавонбинона менигаранд. Содир кардани чунин амали нобахшиданӣ дар назди Худованду бандааш-қатли инсон, нияти ворид намудани халал ба амнияти кишвар, нобоварии мардум ба роҳбарияти олимақоми давлатро дошт.  Вале  тири онҳо хок хӯрд. Ин амалҳо раъйи мардуми меҳмондӯсту соҳибтамаддунро дигар карда наметавонад. Имсол, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, сокинони кишвари биҳиштосо бо рӯҳбаландии зиёд пайи дастгирии он кору фаъолият доранд, сафи сайёҳони хориҷӣ аз ҳарсола дида меафзояд. Ҷойҳои нави таърихӣ, мавзеҳои сайёҳӣ барқарору тамошобоб мегарданд.

Дар ҳамин замина, баромадкунандагон, аз падару модарон, аҳли ҷомеа, маорифу мактаб, имомхатибон даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи илмомӯзӣ, касбазбаркунӣ, омӯхтани забонҳои хориҷии ҷавонон дар якҷоягӣ саҳм гиранд,  то насли соҳибмаърифату  хирадманд ба камол расанд, ба доми душманони дохилию хориҷӣ наафтанд. Устодону имомхатибонро зарур аст, ки дар мактаб, масҷид ва ҷойҳои ҷамъиятӣ  ба интизом, рафтору гуфтори ҷавонон назорати ҷиддӣ баранд. Корҳои тарбиявӣ ҷоннок ва ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи волидайну омӯзгорон ва мақомотҳои дахлдор  зич гардад.

-Шароити имрӯза аҳли ҷомеаро водор месозад, ки дар ҳамбастагии  зич чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботию ташвиқотиро, ки ба ҳифзи сохти конститутсионӣ, ифтихори давлатдорӣ, манфиату арзишҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи ақоиди дунявӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият баҳри ояндаи дурахшони давлату миллат нигаронида шудаанд, ба роҳ монем, ҳамин буд муҳтавои чорабинӣ, ки ҳамаҷониба барои ҷамъомадагон таассуроти нек боқӣ гузошт.

 

И. Ҳасанов

Аксҳои М. Ашӯров



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамоиши модарон бар зидди амалҳои террористӣ

Ҳамоиши модарон бар зидди амалҳои террористӣ

Ҳокимияти давлатӣ
Мулоқот бо мардум

Мулоқот бо мардум

---
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ