Дар як сатр
» » «Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

31-03-2016, 08:54

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

Аз 14 то 23-юми марти соли равон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон «Корвони наврӯзии рӯзноманигорони ҷумҳурӣ» ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар дошт.

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон баргузории корвони наврӯзии рӯзноманигорони кишварро ба шаҳрҳои Норак, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Восеъ, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритӯс ва Носири Хусрав бо мақсади ташкили маҳфилҳои бадеӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, шабнишинии ҷавонон, мусобиқаҳои варзишӣ, муаррифии имкониятҳои туристӣ, тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ ва ба ин васила мусоидат намудан дар рушди туризми дохилӣ ва тарғиби Наврӯзи байналмиллалӣ роҳандозӣ кардааст.

Норак.
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)
Шурӯъ аз 14 марти соли равон «Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» бо мавзеъҳои таърихии шаҳри Норак, аз ҷумла Баҳри кабуд, НБО-и Норак, боғи «Анор» ошно гардида, дар мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футбол байни духтарон бахшида ба иди Наврӯз иштирок намуданд.

Данғара.
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)
Ҳамчунин саёҳати ин гурӯҳи рӯзноманигорон дар ноҳияи Данғара идома ёфта, онҳо аз осорхона, чойхонаи «Хуррамшаҳр» ва аз осори ниёгон маълумот пайдо карданд.

Темурмалик.
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)
Аз рӯйи нақша «Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» ба ноҳияи Темурмалик ташриф овард. Рӯзноманигорон аз Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии ба номи Бобоюнус Худойдодзода дидан карданд. Сипас, дар Фестивали «Ҷилваи ҳусн»-и ноҳия иштирок доштанд. Ҳадаф аз баргузории чунин фестивал ташвиқи либосҳои миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати пироҳанҳои миллӣ, аз ҷумла атласу шоҳӣ, чакан, адрас ва бо ин мақсад баланд бардоштани маърифату маданияти либоспӯшии мардум мебошад.

Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои даромаднок маҳсуб шуда, давлатҳои мутараққӣ аз ин ҳисоб маблағҳои зиёде ба даст меоранд ва барои рушди иқтисодиёти мамлакаташон пурсамар истифода мебаранд.

Балҷувон.
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)
Ноҳия дар қатори дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ нисбат ба рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хеле калон дорад ва ин имкониятҳо дар давоми солҳои охир шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро аз мамоликҳои гуногуни ҷаҳон ҷалб карда истодаанд. Дар ноҳияи Балҷувон як хонаи фарҳангӣ, 5 клуби деҳотӣ, як китобхонаи марказӣ, 6 китобхонаи деҳотӣ, як осорхонаи мардумӣ, як осорхонаи таърихӣ кишваршиносӣ, як осорхонаи ба номи Саидқул Турдиев, шаш ёдгории меъморӣ, ҳашт ёдгории таърихӣ, се ёдгории бостоншиносӣ ва шаш ёдгории табиӣ мавҷуд мебошанд, ки ба мардум хизмати фарҳангӣ мерасонанд.

Воқеан, ноҳияи Балҷувон мероси бойи таърихию фарҳангӣ дошта, дорои захираҳои табиии зиёд мебошад, ки барои рушди туризми дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд.

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон мегӯяд: «Имрӯз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳаи сайёҳии вилоят таваҷҷуҳи беш зоҳир менамояд. Ин буд, ки бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Наврӯз «Корвони наврӯзии рӯзноманигорон»- и ҷумҳурӣ дар мавзеъҳои сайёҳии 14 шаҳру ноҳияҳо ташкил шуд. Мақсади лоиҳа- тарғиби имкониятҳои сайёҳии вилоят аст».

Дар вилоят самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ- ин саёҳати таърихӣ-фарҳангӣ, экологӣ, шикор, саргузаштӣ, зиёратӣ-динӣ, кӯҳнавардӣ ва археологӣ мебошанд. Бештар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Норак, Балҷувон, Шаҳритӯс, Шамсиддини Шоҳин ва Дӯстӣ иқтидори рушди соҳаи сайёҳиро доранд. Имрӯз дар вилоят 2 ширкати маҳаллии туристӣ- «Морхӯр» ва «Сайёҳ 21» фаъолият доранд.

Ховалинг.
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)
Рӯзноманигорон аз мазори Султон Увайси Қаранӣ, маъруф бо номи мазори Ҳазрати Султон дидан карданд. Сарчашмаҳои торихӣ аз Султон Увайси Қаранӣ ҳамчун яке аз ёрони наздики паёмбари ислом ном мебаранд ва миёни мардуми тоҷик ривоятҳои зиёде дар мавриди ин шахсият вуҷуд дорад.

Бар асоси ин ривоятҳо, паёмбари Худо васият кардааст, ки пас аз даргузаштанаш, хирқаашро ба Султон Увайс ба мерос бидиҳанд.

Ҳамзамон, дар назди он панҷ чашма: "мағфират", "ҳикмат", "раҳмат","шифо", "мурод" ҷойгиранд. Барои зиёрати оромгоҳ ва ошомидан аз обҳои шифобахши чашмаҳо ҳамасола аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва давлатҳои хориҷӣ дар давраи зимистон беш аз 300 нафар ва дар фасли тобистон то 900 нафар вориди он мешаванд.

Мавзеъи дигаре, ки диққати сайёҳонро ҷалб кардааст, осорохона-мамнуъгоҳи Восеъ ба ҳисоб меравад. Барои боз ҳам зиёд ташриф овардани сайёҳон дар назар аст, ки дар назди осорохона осоишгоҳ бунёд шавад. Тибқи иттилои Ҳабибулло Ҳикматуллоев, мудири шуъбаи иқтисодии ноҳияи Ховалинг дар муассисаи давлатии осорхона-мамнӯъгоҳи Восеъ осоишгоҳи табобатӣ сохта мешавад, ки дорои 50 ҷойи хоб, чойхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Аз рӯи тадқиқоти бостоншиносон, Ховалинг яке аз марказҳои савдо ва фарҳангии Бухорои Шарқӣ буда, шоҳроҳи «Абрешим» аз он мегузаштааст. Тибқи гуфтаи бостоншиносон таърихи Ховалинг ба 950 ҳазор сол мерасад.

Дидор Саъдуллоев, аксбардори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» таассуроти худро чунин баён кард: «Ман бештар чеҳра сурат гирифтам. Дар ноҳияи Ховалинг манзараҳои ҷолиберо, ки бароям писанд буд, акс гирифтам, ҳамчунин, аз осорхонаи Восеъ, ки дар он ҷо бисёр аксҳои ҷолиб гирифтам. Вақте ки ба роҳ баромадем, дар қадди роҳ хорпуштакеро дидем ва мошинро манъ карда хорпуштакро аксбардорӣ кардам.



Восеъ.
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)
Ҳулбук яке аз калонтарин шаҳр ва пойтахти Хатлон дар асрҳои IX–X буд. Дар ин ҷо қалъае вуҷуд дошт, ки дар вақти ҳафриёт ва аз он бақияи қасри пурзебу зиннати Хатлон ёфт шуд.

Чуноне ки ҳафриёти Ҳулбук исбот намуд, дар асрҳои IX–X шишагарони Хатлон дар ин соҳа низ комёбиҳои зиёд доштанд. Ҳафриёт нишон дод, ки дар Ҳулбук ин ҳунар бо ду тарз ривоҷ дошт: бо қолаб ва дамидан, ҳам шишаи шаффоф ва ҳам ғайришаффоф тайёр мекарданд. Дар назди маҷмааи Ҳулбук осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ сохта шуда, барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ хизмат мерасонад.

Некбахт Ҷамшедова, хабарнигори рӯзномаи «Оинаи зиндагӣ»-и шаҳри Хоруғ иброз дошт: «Албатта, ҷойҳое ҳастанд, ки мо то ҳамин рӯз аз онҳо огоҳӣ надоштем, бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мо аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии вилояти Хатлон сайру гашт дорем».



Ҳамчунин, аз кони намаки «Хоҷамуъмин» аз наздик шинос шуданд. Кони намаки «Хоҷамуъмин» аз 163 чашма иборат буда, 23-тои он доимӣ ва боқимонда мавсимӣ мебошанд. Захираи танҳо сатҳи болоии қишри заминаш аз 31 то 41 млрд. тонна намак баровард мешавад. Обҳои шӯре, ки аз қишри замин мебарояд, аз аввали баҳор то моҳи август софкорӣ карда мешавад. Баъди бухор шудани об намакро захира карда, баъдан коркард мекунанд.

Кӯлоб.
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон»-ро дар шаҳри Кӯлоб роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб пешвоз гирифтанд. Рӯзноманигорон аз зиёратгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ширкати «Чакан», Осорхонаи шаҳри Кӯлоб ва Маркази фарҳангии ҷавонон дидан намуданд.

Хуршед Мавлонов, хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», мегӯяд: «Нафароне, ки аз дохили кишварамон ин ҷойҳои таърихиро надида бошанд, чӣ гуна сайёҳони хориҷиро ба тамошои манзараҳои дилфиреби мо ташвиқ мекунанд? Махсусан, рӯзноманигорон, ки бевосита ба кори тарғибу ташвиқ сару кор мегиранд, бояд ки аз ин мавзеъҳо дидан карда ва дар расонаҳои худ инъикос кунанд.


Муъминобод.
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» ба ноҳияи Муъминобод сафар намуда, аз мақбараҳои Ҷалолиддини Гулдаста, Мир Сайид Ҳасаншоҳи Хомӯш (асри ХI), ки аз таърихи куҳани ин диёр ҳидоят мекунанд, дидан карданд. Дар ин радиф, мавзею кӯҳҳои Чилдухтарон, ки ин ҷо филмҳои машҳури «Рустам ва Суҳроб», «Айёми туманҳои зимистон» ба навор гирифта шудаанд, дидан карданд.

Шамсиддини Шоҳин.
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)
Рӯзноманигорон аз мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум», зиёратгоҳи «Эмом Аскара» ва осорхонаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дидан карда, таассуроти зиёде бардоштанд.

Қӯрғонтеппа.
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)
Рӯзноманигорон дар маркази вилояти Хатлон- шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 21-ум ҷамъ омада, Наврӯзи аҷамро ҷашн гирифтанд. Дар баробари ин, аз Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто» - и вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дидан карданд.

Дӯстӣ.
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)
Ҳайати «Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» аз осорхона ва мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон», «Ҳазрати Имом Зайнулобиддин» -и ноҳияи Дӯстӣ аз наздик шинос шуда роҷеъ ба ин маъмнӯгоҳ таасуроти нав гирифтанд.

Қубодиён.
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)
Рӯзноманигорон аз мавзеи таърихии «Тахти сангин»-и ноҳияи Қубодиён, дидан намуданд. Маврид ба ёдоварист, ки ин мазеъи таърихӣ ғайр аз ду-се санги боқимонда дигар ёдгориҳои нодири ин маконро ба осорхонаҳо кашонда бурдаанд, ки дар натиҷа табоҳ шудааст.

Носири Хусрав.
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)
Ҳайати рӯзноманигоронро раиси ноҳияи Носири Хусрав, хуш истиқбол пешвоз гирифта, меҳмононро аз мавзеъҳои Чилучорчашма шинос намуд.

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)
Шаҳритус. Даври ҷамъбастии «Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар ноҳияи Шаҳритӯс бо иштироки Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон ва Шоҳзод Раҳимов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, сурат гирифт. Иштирокдорон аз намоишгоҳи наврӯзии ҷавонони ноҳия ва Ҷамоати шаҳраки Шаҳритӯс дидан намуданд.

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)
Ҳамчунин дар даромадгоҳи ноҳия дастаҷамъона ниҳол шинонида, онро "Боғи дӯстии ҷавонони вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритӯс" номгузорӣ карданд. Бояд гуфт, ки ба муносибати Наврӯзи ҳуҷастапай дар ин ноҳия мусобиқаҳои варзишии байни ҷавонони ноҳия, аз қабили гӯштингирӣ, волейбол, шоҳмот, тенниси рӯйи миз ва ғайра ташкил ва гузаронида шуд. Инчунин меҳмонон аз мавзеъҳои Хоҷамашҳад, Хоҷадурбод ва Хоҷағоиб дидан намуданд.

Вақеан ҳам, вилояти Хатлон мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ дошта, барои рушди туризми дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ омода мебошад. Мавқеи ҷуғрофии мусоид, манзараҳои дилнишин, обу ҳавои тоза, чашмаҳои гуногуни шифобахши манотиқи вилояти Хатлон барои сайёҳони тамоми гӯшаю канори дунё ҷолибу диданӣ буда, аз ҷумла барои рушди саёҳати экологӣ имконияти басо бузург дорад.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Корвони наврӯзии рӯзноманигорон ба Кӯлоб расид

Корвони наврӯзии рӯзноманигорон ба Кӯлоб расид

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

---
Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР