Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ


Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ



28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстиро низ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.


Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд гардидааст.


Корҳои сохтмониро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдураҳмон-2013” анҷом дода, дар раванди амалисозии лоиҳаи мазкур зиёда аз 60 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба корҳои муваққатӣ ҷалб карда шуданд.  


Масоҳати умумии  Боғи фарҳангию фароғатӣ  3 гектарро ташкил медиҳад.
Дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ атраксионҳои кӯдакона, суҳбаткадаҳо, нишастгоҳҳо, фаввора, майдончаи варзишӣ, майдони волейбол, ду майдон барои тамрини бадан, ҷой барои бозии кӯдакон, ҷой барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳавзи об ва таршедҳо барои таъмини рӯшноӣ мавҷуд аст.
Дар боғи мазкур дар масоҳати 6500 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ сурат гирифта, ҳамзамон навъҳои гуногуни дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва гулҳои нодири ороишӣ шинонида шудааст.


Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ баъди азнавсозӣ ба як мавзеи зебою назаррабо табдил ёфтааст, ки дар он барои сайру гашти сокинон шароити арзандаи истироҳат фароҳам гардидааст.

http://prezident.tj

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода