Дар як сатр
» » Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

4-04-2016, 17:17

Дар доираи маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин ҷавонони вилояти Хатлон, ки синнашон (1998-1987) ба хизмати ҳарбӣ расидааст, бо тантана сафарбар карда шуданд.

Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд


Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни баромадаш дар ин чорабинӣ гуфт, ки имрӯзҳо бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар ҳамаи ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат тамоми шароитҳо барои адои хизмати ҳарбии ҷавонон муҳайё карда шудааст.

- Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бо нангу номус мебошад. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан-модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад, - идома дод раиси вилоят.

Ҳамчунин Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, зимни суханронии хеш кулли наваскарон даъват намуд, ки онҳо дар баробари обу тоби бадан дар қисмҳои ҳарбӣ ба омӯхтани донишанҳои замонавӣ алалхусус, сиёсӣ ва низомӣ низ машғул шуда, мутахассиси варзида гарданд.

Сипас, Сайрам Юсупова, модари яке аз наваскарон аз шаҳри Қӯрғонеппа, аз номи ҳамаи модарони даъватшудагон ба сухан баромада, гуфт, ки онҳо аз даъвати фарзандонашон ба сафи ҷавонмардони миллат мефахранд ва дигаронро низ ба он тарғиб менамоянд: « Ман аз он хушнудам, ки писарам ихтиёран дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меорад ва марзу буми Ватанро ҳифз менамояд».
Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Ҳамчунин дар ҷамъомад мусобиқаи варзишӣ миёни сарбозону навдаъвашудагон баргузор гардид. Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва комиссари Комиссарияти ҳарбии вилоят Нуралӣ Фақиров ба наваскарон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Дар охир барномаи консертии Раёсати фарҳанги вилоят баргузор гардид, ки дар он наваскарону сарбозон бо хушнӯдӣ ба рақс баромаданд ва падарону модарон бо дуои нек, фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд.
Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Амонҷон МАҲКАМОВ
Аксҳо аз муаллиф «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Хабарҳо
Оғози маъракаи даъвати аскарӣ

Оғози маъракаи даъвати аскарӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ

Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нишони ҷавонмардӣ

Нишони ҷавонмардӣ

Ҷавонон ва варзиш
Сарсупурдаҳои Ватан

Сарсупурдаҳои Ватан

Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА