Дар як сатр
» » Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

31-03-2016, 11:56

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Дирӯз, 30 март, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии вилоят иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифт:

1.Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 31 майи соли 2007, №168 «Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006 №496» «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят;

2. Ҳисоботи сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят «Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят;

3. Дар бораи тасдиқ намудани «Барномаи рушди савдо дар вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2018»;

4. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ №62 ва таъин намудани интихобот;

5. Дар бораи ташкили комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ №62 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ:
Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷумро раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи иҷлосия ошно намуда, изҳор дошт, ки дар иҷлосияи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят муовини аввал, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳо ва намояндагони ВАО ширкат доранд.

Аз рӯйи масъалаи якуми иҷлосия оид рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода маърӯза кард. Номбурда қайд намуд, ки барои татбиқи Барномаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят тадбирҳои судманд амалӣ гардида истодаанд.

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст
Бо мақсади амалӣ гаштани қарори мазкур қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расида, баҳри иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва роҳбарӣ, баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии онҳо замина гузошт. Дар воқеъ сол то сол шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон афзуда, саҳми занону бонувон дар корҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, тарбияи маънавӣ мавқеи мустаҳкам касб намудааст. Теъдоди занони дар хизмати давлатӣ фаъолият дошта, дар ташкилоту муассисаҳо сол ба сол афзун гашта истодааст. Калонтарин вилояти ҷумҳурӣ - Хатлон як миллиону панҷсаду чордаҳ ҳазору нуҳсаду чилу шаш нафар занону бонувонро дар бар мегирад. Аз ин ҳисоб 60 фисади кормандони соҳаи тибро занон ташкил медиҳанд.
Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Имрӯз нақши занону бонувон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят баръало эҳсос мегардад. Дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳо тибқи барномаи мазкур маблағ низ ҷудо гардида, барои ташкили курсҳои бозомӯзии занону духтарон истифода мегардад.

Пас аз маърӯза вакилон аз шаҳриКӯлоб С. Валиева, М. Ғафурова, аз ноҳияиБохтар, Ҳ. Давлатов ба музокира баромада, доир ба рафти иҷрои ин барномаи давлатӣ дар маҳалҳо ибрози назар намуданд. Аз рӯйи масъалаи дуюми иҷлосия ҳозирин ҳисоботи сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят С. Мусоевро «Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» дар шаҳру ноҳияҳо шуниданд.
Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Вакилон «Барномаи рушди савдо дар вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2018»-ро тасдиқ намуданд. Ҳамчунин комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷ шуда дар ҳавзаи интихоб шудаи Абдураҳмони Ҷомӣ №62 таъсис ёфт. Ҳамин тавр, дар Иҷлосия дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла масъалаи кадрӣ ва масъалаҳои номгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пас аз анҷоми Иҷлосия раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла риштаи кишоварзӣ, суханронда, таъкид дошт, ки масъулин бояд баҳри таъмини дурнамои маҳсулоти аҳамияти стратеги дошта тадбир андешанд. «Ҳарчи бештар маҳсулоти содиротӣ истеҳсол намуда, ба хориҷи кишвар бароранд. Барои таъмини босифати қисми даромади буҷа кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида, ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ ҳамагон-шурӯъ аз оила то маҳал, шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро бештар намоянд, -таъкид дошт раиси вилоят зимни ҷамъомад.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Гиромидошти забони тоҷикӣ дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  ...

Гиромидошти забони тоҷикӣ дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
5 узви Маҷлиси миллӣ аз Хатлон интихоб шуданд

5 узви Маҷлиси миллӣ аз Хатлон интихоб шуданд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Гулмаҳмадзода аз бонувони Хатлон ситоиш кард

Гулмаҳмадзода аз бонувони Хатлон ситоиш кард

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА