Дар як сатр
» » Оғози маъракаи даъвати аскарӣ

Оғози маъракаи даъвати аскарӣ

30-03-2016, 10:05

Аз 1 апрел мавсими баҳории даъвати шаҳрвандони аз 18 то 27-солаи Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ оғоз мегардад.
Оғози маъракаи даъвати аскарӣ

Тибқи фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, давоми моҳҳои апрел-майи соли 2016 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба 18-солагӣ расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Дар баробари ин, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, то охири моҳи май аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба эҳтиёт рухсат дода шуда, ба хонаҳояшон бармегарданд. Дар ин фармони Роҳбари давлат ҳамчнин таъкид шудааст, ки раисони шаҳру ноҳияҳо бояд бо дарки масъулият якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Хабарҳо
Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ

Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Носири Хусрав. Иҷрои нақша дар як рӯз

Носири Хусрав. Иҷрои нақша дар як рӯз

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд

74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА