Дар як сатр
» » Пешбарии номзадии олими ҷавон ба вакилии парлумон

Пешбарии номзадии олими ҷавон ба вакилии парлумон

3-01-2015, 13:54

Пешбарии номзадии олими ҷавон ба вакилии парлумон3 январ созмонҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар навоҳии Вахш, Бохтар ва Ҷалолиддини Румӣ дар конфронси якҷояи худ номзадии Сафаров Бахтовар Амиралиевичро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешбарӣ намуданд. 120 иштирокдори конфронси мазкур ба ҷонибдории номзадии Б. Сафаров раъй доданд.

Бахтовар Сафаров 31 сол дошта, зодаи ноҳияи Вахш ва хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Номзади илми ҳуқуқ, дотсент, барандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон аст. То имрӯз ба ҳайси омӯзгор, дотсенти факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ, мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва муовини ректори ДМТ оид ба илм фаъолият кардааст.

Ҳамин гуна конференсияи муштараки созмонҳои ҲХДТ дар ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик ва Балҷувон 31 декабр дар ноҳияи Восеъ баргузор гардид. Бо раъйи вакилони конфронс Алихон Худоёров, муовини директори корхонаи коркарди пахтаи ба номи Неъмати ноҳияи Восеъ, ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Восеъ-39» пешбарӣ гардид.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Сиёсат, Хабарҳо
Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ

Раиси Кӯлоб ва ректори собиқи ДМТ – номзад ба вакилӣ

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ҲХДТ аз ҳавзаи «Данғара-36» занеро номзади худ ба вакилии парлумон кард

ҲХДТ аз ҳавзаи «Данғара-36» занеро номзади худ ба вакилии парлумон кард

Хабарҳо
Ҳизбҳо номзадҳояшонро ба вакилии парлумон пешбарӣ мекунанд

Ҳизбҳо номзадҳояшонро ба вакилии парлумон пешбарӣ мекунанд

Сиёсат, Хабарҳо
Пешбарии номзад ба вакилии парлумон

Пешбарии номзад ба вакилии парлумон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният