Дар як сатр
» » Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

19-03-2016, 15:48

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон» таҳия ва тасдиқ гардид.
Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ин Барнома аз 10 боб ва 65 банд иборат буда, мақсади он таҳкими мавқеи оила дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди муҳимми иҷтимоӣ мебошад.

Инчунин таъмини амалишавии бечунучарои принсипи конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар муносибатҳои оилавӣ, ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳимми иҷтимоию фарҳангӣ, нигоҳдории анъанаҳои маънавию ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ, таҳкими заминаҳои иқтисодии оила, баланд бардоштани масъулияти оила дар иҷрои вазифаҳои худ, ташаккули механизми дастгирии оилаҳо бо мақсади беҳтар намудани шароити зисти онҳо, ҳифзи саломатии аъзои оила, ба таври васеъ фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бо мақсади инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо, тақвияти ҳифзи солимии репроруктивӣ ва пешгирии омилҳои ба исқоти ҳамл мусоидаткунанда, боло бурдани маърифати оиладорӣ, мусоидат дар таъмини иҷтимоии оилаҳо ва кӯдаконе, ки ба дастгирии иловагӣ муҳтоҷанд, ҷилавгирӣ аз бекоршавии ақди никоҳҳо, қонунвайронкунии кӯдакону наврасон, баланд бардоштани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд аз вазифаҳои аслии «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон» муқаррар шудааст.

Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба рушди оида дар вилоят, ба таври мунтазам роҳандозӣ намудани суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ оид ба шарҳу тафсири қонунҳои ҷории кишвар «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, такмил додани барномаҳои маърифати тариқи ВАО оид ба масъалаҳои ҳуқуқии оилавӣ, баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатӣ баҳри тақвияти муносибатҳои созанда ва башардӯстона дар оила, доир кардани конфронсу семинарҳо дар мавзӯъҳои «Маърифати оиладорӣ» ва «Фарҳанги оиладорӣ», ҷалби ходимони дин барои мусоидат дар пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар оила, расонидани кӯмакҳои тиббию ҳуқуқӣ ва психологӣ ба ҷабрдидагони хушунат дар оила, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «хона ба хона» дар байни оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ барои муайян намудани оилаҳои носолим ва ноустувор пешбинӣ гардидааст.

М. НОСИРҶОН,
«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Конфронси бахшида ба Соли оила

Конфронси бахшида ба Соли оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Оила маънии хушбахтиро дорад

Оила маънии хушбахтиро дорад

Номаҳои Шумо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Фармони Президент оид ба «Соли оила»

Фармони Президент оид ба «Соли оила»

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Ҳаёти иҷтимоӣ