Дар як сатр
» » «Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

19-03-2016, 14:06

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо судури қарори худ мақомоти дахлдори вилоятро барои омодагии ҳамаҷониба ба фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи ҳусн» давоми се моҳ дар се марҳила барпо мегардад, муваззаф намуд.
«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

Ҳадаф аз баргузории ин фестивал ташвиқи либосҳои миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати пираҳанҳои миллӣ, аз ҷумла атласу шоҳӣ, чакан, гулбаст, адрас, дӯхти попурӣ, қуроғӣ ва дигар намуд либосҳои хоси маҳалли вилояти Хатлон, инчунин тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли навъҳои гуногуни матоъҳои миллӣ унвон мешавад.

Ба ҷуз ин, тавассути баргузории чунин фестивалҳо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолкунандаи матои миллӣ ва дигар ороишоти либосҳои занона ва мардона густариш ёфта, сифати тарроҳию дӯхтани либосҳои миллӣ боз ҳам беҳтар мегардад. Ба қавли ташаббускорони барпосозии ин чорабинӣ, яке аз мақсадҳои дигари фестивал густариши санъати чакандӯзию алочабофӣ, инчунин тарғибу ташвиқи ашъори баландпоя ва таронаву рақс, ривояту сурудҳои анъанавӣ бахшида ба ҳусну таровати либос ва ороишоти миллӣ ва баланд бардоштани маърифату маданияти либоспӯшӣ мебошад.

Қарор аст, ки даври якуми фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи ҳусн» моҳи март дар маркази шаҳру навоҳии вилоят, даври дуюм (марҳилаи вилоятии озмун ) 15 апрел дар маркази вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа ва даври ниҳоии фестивал моҳи май дар пойтахти кишвар доир гардад. Барои беҳтарин тарроҳон ва беҳтарин намоиши либосҳои миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тақдими диплом ва аз 500 то 1500 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Ҷилваи ҳусн» дар Кӯлоб

«Ҷилваи ҳусн» дар Кӯлоб

Фарҳанг ва адабиёт, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Палов ҳусн аст, ҳусни рӯйи хон аст (бо аксҳо ва наворҳои видеоӣ)

Палов ҳусн аст, ҳусни рӯйи хон аст (бо аксҳо ва наворҳои видеоӣ)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА