Дар як сатр
» » Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

19-03-2016, 12:09

Бо қарори раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо шаҳомати хос таҷлил гардида, баргузории озмуну мусобиқаҳо ва барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ дар назар аст.
Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят
Тавре ки ба рӯзномаи «Хатлон» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, мутобиқи ин қарор Кумитаи тадорукоти вилоятӣ оид ба баргузории Наврӯз бо раҳбарии муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода таъсис дода шуд.

Дар асоси қарори Д. Гулмаҳмадзода ҳамчунин нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар тамоми қаламрави вилоят дар рӯзҳои 21-24 март таҳия гардид, ки тибқи он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил намудани намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, намоишгоҳи «Ҳафтсин», «Ҳафтшин», маҳсулоти нонӣ, шириниҳо ва таомҳои миллии наврӯзӣ, намоишгоҳи либосҳои миллии атлас, чакан, гулдӯзӣ, сӯзаниҳо, инчунин чорабиниҳои варзишӣ, баргузории семинару конфронсҳои илмӣ ва озмунҳои «Зебосанам», «Кадбону», «Тарроҳи беҳтарин», «Гулпарвари беҳтарин» пешбинӣ шудааст.

«Раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ва ташкилӣ ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот чораандешӣ намоянд», - омадааст дар қарори раиси вилоят.

М. НОСИРҶОН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Омодагӣ ба таҷлили 24-солагии истиқлолият

Омодагӣ ба таҷлили 24-солагии истиқлолият

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Дар Наврӯз қалбҳоро аз кинаю кудурат пок созед»

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар Наврӯз қалбҳоро аз кинаю кудурат пок созед»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба таҷлили Наврӯз

Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба таҷлили Наврӯз

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА