Дар як сатр
» Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

17-03-2016, 19:49

Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

Гурӯҳи рӯзноманигорон 17 март баъд аз нисфирӯзӣ аз ноҳияи зебоманзари Ховалинг ба ноҳияи Восеъ омаданд.

Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ ҷойгир мебошад. Ҳулбук яке аз калонтарин шаҳр ва пойтахти Хатлон дар асрҳои IX – X буд. Дар ин ҷо қалъае вуҷуд дошт, ки дар вақти ҳафриёт ва аз он бақияи қасри пурзебу зинати Хатлон ёфт шуд.
Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

Чунон ки ҳафриёти Ҳулбук исбот намуданд, дар асрҳои IX – X шишагарони Хатлон дар ин соҳа низ комёбиҳои зиёд доштанд. Ҳафриёт нишон дод, ки дар Ҳулбук ин ҳунар бо ду тарз ривоҷ дошт: бо қолаб ва дамидан ҳам шишаи шаффоф, ҳам ғайришаффоф тайёр мекарданд.
Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

Дар назди маҷмааи Ҳулбук осорхонаи таърихи кишваршиноси сохта шуда барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ хизмат мерасонад.

Ҳамчунин аз кони намаки «Хоҷамуъмин» аз наздик шинос шуданд. Кони намаки «Хоҷамуъмин» аз 163 чашма иборат буда, 23-тои он доимӣ ва боқимонда мавсимӣ мебошанд. Танҳо сатҳи болоии қишри заминаш аз 31 то 41 млрд. тонна намак иборат аст. Обҳои шӯре, ки аз қишри замин мебарояд аз аввали баҳор то моҳи август софкорӣ карда мешавад. Баъди обаш бухор шудан, онро захира карда, баъдан коркард мекунанд.

Ҳамчунин, кони намаки «Хоҷамуъмин» ҷанбаи таърихӣ дошта, сарлашкари араб Асад ибни Абдуллоро ду маротиба дар болои ҳамин кӯҳ шикаст додаанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Мусодираи 2,5 тонна намаки бесифат

Мусодираи 2,5 тонна намаки бесифат

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР