Дар як сатр
» » Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

17-03-2016, 07:44



Корвони рӯзноманигорон баъд аз шинос шудан бо ҳунарҳои фарҳангии ноҳияи Балҷувон ба ноҳияи Ховалинг сафар намуданд.

Онҳо аз мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ дидан карданд. Оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ маъвои охирати яке аз ҳамзамонони содиқ ва дӯсти ғоиби Муҳаммад (с), симои бузургу нотакрори олами Ислом мебошад.
Боздиди рӯзноманигорон аз оромгоҳи Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг

Мамнуъгоҳ 18 км дур аз маркази ноҳия воқеъ гардидааст. Ҳамзамон, дар назди он панҷ чашма, "мағфират", "ҳикмат", "раҳмат","шифо", "мурод" ҷойгирианд. Ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2004 аз ҷониби Акедемияи илмҳои кишвар муйян намудааст, ки ҳанӯз дар асрҳои қадим (VII-IX) атрофи мазор бо девори аз гил сохташуда иҳота гардида ва берун аз девор биноҳои истиқоматӣ ва хоҷагидорӣ ҷойгир будаанд. Оромгоҳ дар ин мавзеъ шаш маротиба таъмир ва барқарор гардида аст. Маротибаи охирон соли 2006 бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бозсозӣ гардидааст. Барои зиёрати оромгоҳ ва ошомидан аз обҳои шифобахши чашмаҳо ҳамасола аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва давлатҳои хориҷӣ дар давраи зимистон беш аз 300 нафар ва тобистон то 900 нафар вориди он мешаванд.

Ховалинг бо доштани мавзеъҳои таърихӣ ва оромгоҳҳои бузургворрон аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Мавзеъи дигаре, ки диққати сайёҳонро ҷалб кардааст, осорохона-мамнӯъгоҳи Восеъ ба ҳисоб меравад. Барои боз ҳам зиёд ташриф овардани сайёҳон дар назар аст, ки дар низди осорохона осоишгоҳ бунёд шавад. Тибқи иттилои Ҳабибулло Ҳикматуллоев, мудири шуъбаи иқтисодии ноҳияи Ховалинг дар муассисаи давлатии осорхона-мамнӯъгоҳи Восеъ бо дастгирии Кумитаи рушди иқтисод осоишгоҳи табобатӣ сохта мешавад, ки дорои 50 ҷойи хоб, чойхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Аз рӯи тадқиқоти бостоншиносон Ховалинг яке аз марказҳои савдо ва фарҳангии Бухорои Шарқӣ буда, шоҳрои Абрешим аз он мегузаштааст. Сарзамини Ховалинг қадимтарин музофоти Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи гуфтаи бостоншиносон таърихи Ховалинг ба 950 ҳазор сол мерасад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

---
Шиносоии Сарвазир бо умури роҳсозӣ

Шиносоии Сарвазир бо умури роҳсозӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Пайкараи Восеъ дар маркази Ховалинг

Пайкараи Восеъ дар маркази Ховалинг

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР