Дар як сатр
» » Наврӯз- оғози баракати сол

Наврӯз- оғози баракати сол

18-03-2016, 13:27

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ
Наврӯз- оғози баракати сол

Иди фархунда ва бостонии миллиамон - Наврӯзи Аҷам бо ҳусни нави баҳорона ба сарзамини куҳанбунёдамон қадам ниҳода, ба хонадони мардуми кишварамон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб ҳадя оварда, аз омадани фасли зебои баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад.

Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагӣ буда, ҳамзамон чун суннати қадимаи ниёгони ориёии мо маънои пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадиро ифода месозад.

Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи мардуми ориёинажод мебошад.

Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози киштукори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат ва гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меоварад».

Бо қадами мубораки Наврӯз табиат ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро ҳадя меорад.

Пайки нахустини Наврӯз нур ва равшании офтоб буда, аз дурахши он гулу баргҳои дарахтон шукуфон ва табиат сабзапӯш мегардад.

Бо омадани Наврӯз ҳар як хонадони кишвари мо аз шодиву фараҳ лабрез мегардад ва паёми сабзи ошноӣ хурду калонро дар наврӯзгоҳҳои идона сарҷамъ месозад.

Дар арафаи иди Наврӯз ҳар як фард ботини худро аз кинаву кудурат пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд. Хонаҳоро сафед мекунанд то бахти сафед ҳамеша ёрашон бошад, дастархон меороянд то файзу баракат аз хонадонашон канда нашавад, гул мегардонанд то гули бахташон шукуфон бимонад, об мепошанд то ҳама сол сероб гардад, донаи умед мекоранд то файзи хирману баракати ҳосил дучанд афзояд.

Муҳимтар аз ҳама, бо меҳру шафқат ба якдигар оғӯш мекушоянд, беморону ранҷурон ва пирони барнодилро зиёрат менамоянд, ба ятимону бепарасторон кӯмак мерасонанд ва амалҳои неку писандидаро вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии хеш мешуморанд.

Наврӯз куҳантарин суннатҳои аҷдодии мардуми моро аз нав эҳё намуда, ҳувият ва ифтихори миллӣ, рӯҳи инсондӯстию ватанпарварии мардуми шарифи диёрамонро бори дигар ба таҳрик оварда, меҳру садоқат ба Модар - Ватанро дар дили ҳар фард бедор мекунад.

Наврӯз рамзи баҳор - оғози баракати сол аст. Баракати ҳосили деҳқон аз заҳмати рӯзафзуни баҳор оғоз мегирад.

Баҳор имсол ба кишвари мо бо пайки наву таровати тозаи наврӯзӣ қадам ранҷа намудааст, зеро мардуми шарафманди тоҷик, аз ҷумла мардуми Хатлонзамин, дар арафаи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо неруву ғайрати дучанд ба киштукори баҳорӣ ва ободонии Ватани азизамон камар бастаанд, то ки кишвари офтобию ҳамешабаҳорамонро боз ҳам зеботару нурафзотар гардонанд.

Дар ин радиф мову шуморо месазад, ки бо дарки амиқи рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии хеш ва бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва давлатдории миллӣ, баҳри шукуфоии диёри худ камари ҳиммат баста, фаъолияти бунёдкорию созандагиро ба меъёри ҳаррӯзаи зиндагӣ табдил диҳем, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ифтихори ватандориро вазифаи муқаддаси худ шуморем ва бо меҳнати созандаву бунёдкоронаи худ дар шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Бо ин таманниёти нек тамоми мардуми вилоятро ба муносибати фарорасии Наврӯзи фархундапай табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландии рӯзгорро таманно менамоям.

Бигзор файзу баракати Наврӯз ба зиндагии ҳар фард рангу таровати тоза бахшида, дастархони ҳар хонадонро пур аз нозу неъмат гардонад.

Наврӯз муборак
!


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таҷлили Наврӯз дар Балхи Афғонистон (гузориш)

Таҷлили Наврӯз дар Балхи Афғонистон (гузориш)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Дар Наврӯз қалбҳоро аз кинаю кудурат пок созед»

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар Наврӯз қалбҳоро аз кинаю кудурат пок созед»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Ҷаҳон ба арзишҳои наврӯзӣ ниёз дорад

Ҷаҳон ба арзишҳои наврӯзӣ ниёз дорад

Сиёсат