Дар як сатр
» » Мубориза бар зидди малах кори дастаҷамъона аст

Мубориза бар зидди малах кори дастаҷамъона аст

17-03-2016, 15:56

Дар ноҳияи Ҷайҳун бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия семинар-машварати вилоятӣ “Оид ба ташкили усулҳои мубориза бар зидди малах” баргузор гардид. Дар кори семинар муовини аввали раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳия Аминзода Фоттеҳ Файзулло, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Точикистон Муҳаммадтоир Зокирзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат варзиданд.
Мубориза бар зидди малах  кори дастаҷамъона аст
Дар қисми амалии чорабинӣ ҳозирин бо усулҳои мубориза бар зидди малах тариқи механикӣ, агротехникӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, ҳамчунин омода намудани маҳлулҳо ва истифодаи дурусти заҳрдоруҳо ошно гардиданд. Дар қисми назариявӣ бошад, сардори КҶВД “Мубориза бар зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон К. Ғаниев оид ба мушоҳида, паҳншавӣ, инкишоф ва усулҳои мубориза бар зидди малахи марокашӣ ибрози андеша намуд.
Мубориза бар зидди малах  кори дастаҷамъона аст

Мутахассисони соҳа, дар 16 шаҳру ноҳияҳои вилоят пайдоиш ва ҷойҳои тухмгузории малахро дар фаслҳои сол мушоҳида намудаанд. Соли равон бояд дар майдони беш аз 50 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шавад. Тибқи барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои 2011-2015 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри мубориза бар зидди малах корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Дар ҳақиқат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малах пайваста тадбирҳо роҳандозӣ мегардад.

Тайи панҷ сол барои мубориза бар зидди малах дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ, техника, трактори дорупошакии ОВХ, хайма, либосҳои махсуси корӣ ва ғайра ба маблағи 9 619 329, 8 сомонӣ сарф гардидааст. Чуноне, ки зимни машварат муовини аввали раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид дошт, хавфи зиёни малахи марокашӣ ба хоҷагии халқ, аз ҷумла ба соҳаи кишоварзӣ ҷиддист.
Мубориза бар зидди малах  кори дастаҷамъона аст

Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин ҳашарот бояд дастаҷамъона, оқилона сурат гирад. Агар сари вақт мавзеҳои мушоҳидагаштаро коркарди кимиёвӣ гузаронанд, метавонем аз ин офати сангин раҳоӣ ёбем ва маҳсули меҳнати кишоварзонро эмин нигоҳ дорем. Зимни чорабинӣ доир ба масъалаҳои мубориза алайҳи малахи марокашӣ ва дигар масоили марбут ба соҳаи кишоварзӣ ибрози назар намуданд.

ВАХШОНА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, АСАЛМО САФАРОВА
Оғози конфронси ҷумҳуриявӣ дар Қӯрғонтеппа

Оғози конфронси ҷумҳуриявӣ дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ифтитоҳи 99 парванда алайҳи ифротгароӣ

Ифтитоҳи 99 парванда алайҳи ифротгароӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ироаи 9 миллион сомонӣ барои маҳви малах

Ироаи 9 миллион сомонӣ барои маҳви малах

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА